Тамоми чорабиниҳои асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 27 июн дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешаванд.

Ба ин муносибат дар шаҳр ба маблағи 50 млн. сомонӣ варзишгоҳи нав сохта шуд. Дар чорабиниҳои ҷашнӣ дар ин варзишгоҳ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони мақомоти раҳбарии ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилояту шаҳру навоҳӣ, меҳмонон аз тамоми минтақаҳои кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки сохтмони варзишгоҳи нави шаҳри Ваҳдат бо иштироки сарвари давлат моҳи августи соли 2014 оғоз гардида, он дар майдони 3,5 гектар ҷойгир шудааст. Ба ҷуз майдони марказӣ, он аз майдонҳои хурду миёна, толорҳои варзишӣ ва биноҳои дигари таъиноти гуногун иборат аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, рӯзи 27 июн дар ҳузури президент ба ҷуз варзишгоҳ, ҳамчунин мактаби нав бо 1240 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки бо назардошти беҳтарин шароитҳои муосири таълиму тарбия сохта шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, бо сабаби буҳрон ба нақшаҳои ҳукумат доир ба сохтмони боғи нави фарҳангу фароғат дар шаҳри Ваҳдат, ки он низ соли 2014 оғоз гардида буд, тағйирот ворид шуд. Президент дастур дода буд, ки иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2016 ба истифода дода шавад, вале корҳои сохтмон дар он то ҳол идома доранд.

Ҳамчунин сохтмони микрорайони нав дар шаҳри Ваҳдат дар майдони 37 гектар низ ба итмом нарасидааст. Дар ин майдон сохтмони 22 бинои истиқоматии 9 ва 12-ошёна, меҳмонхона барои 300 нафар, кӯдакистон барои 340 нафар ва дигар иншоот пешбинӣ гардида буд.

Айни замон дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати истиқболи шоистаи президент ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ корҳо босуръат идома доранд. Ҳамарӯза иштирокчиёни раҳпаймоиҳову намоиши театрикунонидашуда ва консерти идона машқу тамринҳо баргузор мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.