Бо амру фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои ҳукумат дар чанде аз сохторҳои ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо Абдуллозода Орзу Зинатулло аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва Қурбонзода Иброҳим Мирхон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод карда шуданд.

Савзаали Назирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод карда шуда, Шерализода Муҳамадулло Умар иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин карда шуд.

Бо қарори ҳукумат, Миралӣ Олимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд.

Қудрат Давлатзода аз вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод карда шуда, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон ва Диловар Пирназарзода муовини аввали ӯ таъин шуд. Шукрулло Хайрзода ректори нави Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин шуд.

Шамсулло Абдуллозода аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии ИДМ озод карда шуда, Рустам Мирализода ба ин вазифа таъин шуд.

Ҳамчунин бо амри Президенти Тоҷмикистон Алимурод Маҳмадализода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод карда шуд.