Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсис додани Комиссия оид ба татбиқи қонун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, комиссияи мазкурро муовини раиси пойтахт Мавсума Муинӣ ба роҳбарӣ гирифтааст.

Комиссия мувофиқи ваколатҳои худ, ки дар Муқаррарот оид ба фаъолияти он зикр шудааст, риояи меъёру тартиботи амалисозии қонуни мазкурро назорат мекунад.

Конун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» дар таҳрири нав, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба донистани забони давлатӣ уҳдадор мекунад, аввали моҳи октябри соли 2009 қабул шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ, соли 2016 доир ба риоя нашудани меъёрҳои қонун дар бораи забони давлатӣ 59 парвандаи маъмурӣ баррасӣ шуда, ҳаҷми умумии ҷарима барои он 45,66 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми ҷаримаи риоя накарадани меъёрҳои ин қонун барои шахсони воқеӣ - аз 15 то 20 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳандаи ҳисоб - 50 сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ - аз 30 то 40 нишондиҳандаи ҳисоб муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.