Дар Кохи Борбад Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли мардуми кишварро бо фарорасиии айёми раҳмату мағфират шодбош гуфта, дар бораи фазилатҳои накуи моҳи шарифи Рамазон андешаронӣ кард.

«Ба соҳибкорону тоҷирон такроран хотирнишон месозам, ки дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунанд, - иброз дошт Эмолмалӣ Раҳмон зимни суханронӣ. - Дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то ки бо ҳамин роҳ низ соҳиби савоб шаванд».

Сарвари давлат даъват кард, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба исрофкорӣ ва ба таври сунъӣ боло бурдани нарх роҳ дода нашавад.

«Тавре мушоҳида мекунем, дар арафаи иду айём, алалхусус, идҳои Рамазону Қурбон баъзе ҳамватанони мо барои оростани дастурхони намоишкоронаи идона аз бозору мағозаҳо маҳсулотро чунон зиёд мехаранд, ки гӯё фардо дунё ба охир мерасида бошад, - гуфт ӯ. - Такроран таъкид месозам, ки чунин рафтор ғайр аз зоҳирпарастӣ, зиёдаравӣ ва исроф чизи дигаре нест».

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд кард, ки камбориш омадани тирамоҳу зимистони гузашта ва боду ҳавои гарми баҳори имсола, яъне хушксолӣ ба ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва соҳаи чорводорӣ, хусусан, дар вилояти Хатлон, яъне вилояти калонтарини истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ ва ноҳияву минтақаҳои дигар бетаъсир намемонад.

«Дар чунин шароити буҳронии олам мардуми шарифи мо бояд аҳкоми шариатро доир ба зарари исрофкорӣ фаромӯш накунанд, боз ҳам сарфаю сариштакор бошанд, ҳангоми доир намудани тӯю маърака ва дигар маросиму ойинҳо, аз ҷумла дар моҳи шарифи Рамазон ба тақлиду намоишкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надода, муқаррароти Қонуни миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”-ро қатъиян риоя намоянд», - таъкид дошт Президент.

1/12

Дар робита ба адои маросими ҳаҷ Сарвари давлатизҳор намуд, ки бархе тоҷикистониён зиёратро ба тиҷорат табдил дода, чандин бор ба ҳаҷ мераванд, дар ҳоле ки метавонанд маблағи ҳаҷҷи такрориро барои кумак ба хешу табори муҳтоҷашон, таъмири роҳи деҳаи худ ё бунёди мактабе, ки фарзандону набераҳояшон дар он бо шароити беҳтар таҳсил хоҳанд кард, сарф кунанд.

«Баъзе шахсони олиҳиммату дурандеш то имрӯз, аллакай, чунин карданд, мактабҳо сохтанд, роҳи деҳаашонро таъмир карданд, маркази саломатӣ ва бунгоҳхои тиббӣ бунёд намуданд ва тасаввур кунед, ки чӣ қадар савоби бузург гирифтанд, - қайд кард Президент. - Дуои хайри ин амалашон садсолаҳо ба худашон ҳам дар зиндагӣ ва ҳам баъди сарашон, инчунин, ба арвоҳи падару модарашон мерасад».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.