Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас аз қитъаҳои сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон дар самти Шӯрообод ва Қалъаи Хумб боздид намуд.

Станислав Зас бо шароити зербинои сарҳадӣ ва таъминоти воҳидҳои Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон бо силоҳу муҳимот, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникии ҳифзи сарҳад шинос шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти СААД.

Дабири кулли СААД ба аёдати зани тоҷике рафт, ки аз он тарафи сарҳад аз тири силоҳи оташфишон захм гирифта буд ва инчунин аз макони лавҳаи ёдгорӣ ба хотири сарҳадбонон боздид кард.

Сафари мазкур аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба татбиқи лоиҳаи Барномаи ҳадафноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон роҳандозӣ шудааст.

Дабири кллии Созмонро дар ин сафар котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ҳамроҳӣ кард.

odkb-csto.org

Станислав Зас дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД, ки 27 апрел таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо доир мегардад, иштирок мекунад.

Ғайр аз ин, 29 апрел дар пойтахти Тоҷикистон таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти кишвар Насрулло Маҳмудзода ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД баргузор мешавад. Дар кори он намояндагони Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Дабири кулли Созмон иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.