Сардори Ситоди муттаҳидаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷиҳати арзёбии вазъияти сарҳад бо Афғонистон бо як гурӯҳи корӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора рӯзи 6 июл аз хадамоти матбуоти Созмон ба рӯзноманигорон хабар додаанд, менависад “Известия”.

“Гурӯҳи фаврӣ таҳти роҳбарии сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров рӯзи 6 июл ба Тоҷикистон омад. Гурӯҳи афсарон бо ҳавопаймои Неруҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия аз Маскав ба Душанбе омаданд”, - зикр шудааст дар хабар.

Дар хадамоти матбуот гуфтаанд, дар доираи сафар боздид аз ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон ва як қатор дидору гуфтушунидҳо бо раҳбарияти Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва дигар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Сидоров таъкид доштааст, ки “ҳадафи аслии гурӯҳи корӣ пайгирӣ (мониторигнг)-и вазъият дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба тадбирҳои муштарак дар доираи СААД мебошад”.

Қаблан ҳамин рӯз муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко изҳор дошт, ки Русия ҷиҳати мусоидат ба Тоҷикистон вобаста ба вазъияти марз бо Афғонистон омода буда, бо низомиёни Тоҷикистон дар ин маврид робитаашро идома медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, агар талошҳои иловагӣ лозим шавад, тадбирҳо андешида хоҳад шуд.

Як рӯз пеш президенти Ассотсиатсияи байнулмилалии зиддитеррористӣ Иосиф Линдер ба “Известия” изҳор дошт, ки айни ҳол вазъият дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон сарбаста буда, метавонад ҳам ба эътидол ояд ва ҳам боз шиддат гирад.

Дар Кремл зикр карданд, ки масъалаи ворид намудани неруҳои Русия дар робита ба шиддат гирифтани вазъият дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ нашудааст. Дар ҳамин ҳол, сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфтааст, Маскав вазъиятро пайгирӣ дорад ва изҳор мекунад, ки он бесубот мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.