Рӯзи 11 апрел қатораи автобусҳои мусофирбар, ки барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе пешбинӣ шудаанд, дар қаламрави шаҳри Турсунзода аз марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон гузашт.

Шумори автобусҳо 40 ададро ташкил дода, дар Туркия харидорӣ шудаанд. Аз Туркия онҳоро тариқи Эрону Турманистон ва Ӯзбекистон муддати 12 рӯз ба Тоҷикистон оварданд.

Қобили зикр аст, ки автобусҳо хеле муосиру замонавӣ, дохилаш кушод ва бо таҷҳизоти бароҳат ба он савор шудани маъюбон ва модару кӯдакон таъмин аст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, дар роҳи сафар тариқи қаламрави Эрон ба тирезаи яке аз автобусҳо санг бархӯрда, лозим омадааст, ки онро бо картон пӯшонанд.

 

1/21