Дар Тоҷикистон имрӯз ва се рӯзи минбаъда обуҳаво беҳад гарм шуда,обуҳавошиносон ҳарорати хеле баландтар аз меъёрро пешгӯӣ мекунанд.

Дар водиҳои вилояти Хатлон обуҳаво то 45 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 39 дараҷа гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ҳарорат то ба 42 дараҷа гармӣ мерасад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳи навоҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарбии ВМК то 35 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки дар натиҷаи гармии беҳад дар дарёҳои кишвар болоравии сатҳи об ва мутаносибан обхезӣ ва шусташавии соҳилҳо аз эҳтимол дур нест. Дар ноҳияҳои кӯҳистони ВМКБ, Лахш (Ҷиргатол) ва Рашт селфароиҳо имкон дорад.

Дар ин шароити обуҳаво пешниҳоди якчанд тавсияҳоро аз манфиат холӣ намедонем:

- ҳарчи камтар кардани гаштугузор дар берун ва иҷрои корҳои ҷисмонӣ;

- зимни дар дохили бино қарор доштан, шамолрав будани онҳоро таъмин намуда, тирезаҳоро мебояд боз дошт ва мувофиқи имконият, иловатан таҷҳизоти ҳавосардкунро ба кор овардан зарур аст;

- ҳангоми гаштугузор дар кӯча ба бар кардани сарулибоси сабук аз матоъҳои аслӣ (ғайрисунъӣ) бо гиребони кушод, истифода аз ягон навъи сарпӯш (кулоҳ), айнакҳои аз шуъои офтоб ҳимоякунанда ва чатрҳо;

- барои пешгирии беоб мондани ҷисм истеъмоли миқдори зиёди моеъҳо  ва худдорӣ варзидан аз нӯшидани нӯшокиҳои газдор ва моеъҳои таркибашон дорои миқдори зиёди қанд ва ҳамчунин нӯшокиҳои энергетикиву машрубот;

- мувофиқи имкон маҳдуд кардани ҳаракат ва равуо бо нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ, истифодаи онҳо вақти субҳ ё шомгоҳон замони поинравии ҳарорат;

- зимни ба мағозаву кинотеатр ва дигар иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ рафтан, ба иншооти дорои таҷҳизоти ҳавософкун афзалият дода шавад;

- кӯдаконро дар дохили нақлиёте, ки дар таваққуфгоҳҳо гузошта мешаванд, бидуни назорат нагузоштан.

Ғайр аз ин, доир ба чӣ гуна кумак расонидан ба афроди аз шуоъҳои офтоб ё гармӣ осебдида дар инфографикаи мо шинос шуда метавонед.