Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон рӯйхати наздик ба 370 ҳамҷинсгароро дар кишвар таҳия кардаанд.

Тавре сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба маҷаллаи "Қонуният”-и Додситонии кулл хабар медиҳад, ин шумори ҳамҷинсгароҳо дар натиҷаи амалиёти ходимони ҳифзи ҳуқуқ зери унвони “Ахлоқ” ва “Тозакунӣ” ошкор карда шуда, аз ин миқдор 319 нафарашон ҳамҷинсгарои мард ва 48 нафари дигар ҳамҷинсгарои зан мебошанд.

Гуфта мешавад, мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шарҳи ин рӯйхати вижа худдорӣ карда, вале як масъули огоҳ аз он ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, феҳрасти афроди осебпазир “ба хотири огоҳонидани онҳо аз нигоҳи амниятӣ ва солимӣ” таҳия мешавад.

"Шомили як рӯйхат кардани онҳо танҳо бо ҳадафи фаҳмондадиҳӣ сурат гирифтааст. Дар ҷомеаи мо бархӯрд бо онҳо сахт аст. Аз ин рӯ, онҳо бояд ҳаракатҳое накунанд, ки барангезандаи хашми сокинон шавад. Аз тарафи дигар, аз нигоҳи саломатӣ низ огоҳияшон боло бурда мешавад, чун хатари сироят ёфтани онҳо ба бемориҳои сироятӣ хеле зиёд аст", - иброз доштааст ӯ.

Зимнан зикр мегардад, ки ВКД Тоҷикистон бори аввал аст, ки наздики 400 нафарро ҳамчун ҳамҷинсгаро вориди рӯйхати вижа мекунанд. Шумораи дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест, ҳарчанд чанд соле пеш муаллифони як таҳқиқоти тиббӣ гуфтанд, ки эҳтимолан дар саросари Тоҷикистон то 20 ҳазор марду зани ҳамҷинсгаро ва хуносо (дуҷинса), вуҷуд дошта бошанд.

Хабаргузории Фергана менависад, баррасии масъалаи робитаҳои ҳамҷинсгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле кам ба назар мерасад, зеро ҳарчанд кишвар дунявӣ бошад ҳам, аксари аҳолиаш мусулмонанд ва муносибатҳои ҳамҷинсгароиро қотеъона қабул надоранд.

Фонди глобалии мубориза бо БПНМ (СПИД) чанд сол пеш дар бораи мавҷуд будани наздики 30 ҳазор ҳамҷинсгароёни танҳо мард дар Тоҷикистон маълумот дода буд, лекин ВКД Тоҷикистон изҳор намуд, ки ин гузориш асоси воқеӣ надорад.