Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - "Амал барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон", дар Маркази тиҷоратии «Вефа» тренинги Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (минбаъд - Эътилоф) "Стандартҳои байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ дар самти солимии равонӣ бо ишора ба муассисаҳои пӯшида" ҷараён дорад, ки то 29-уми ноябр идома меёбад.

Дар иттилоияи Эътилоф дар ин робита қайд мешавад, ки ҳадафи тренинг - баланд бардоштани касбияти аъзоёни Гурӯҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқҳои шахсоне, ки дар муассисаҳои рӯҳӣ қарор доранд.

Иштирокчиёни тренинг - 15 нафар аъзоёни Гурӯҳ оид ба мониторинг буда, ба ҳайси тренерҳо коршиносони байналмилалӣ аз Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон дар Варшава Ленур Керимов ва Агнешка Клосовска иштирок хоҳанд дошт.

Гуфта мешавад, гурӯҳ оид ба мониторинг бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2013 таъсис ёфта, дар асоси Низомнома фаъолият мекунад. Ба ҳайати Гурӯҳ оид ба мониторинг намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ - аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва ТҶ «Авеста» дохил мешаванд.

Зикр мегардад, ки гурӯҳ оид ба мониторинг боздиди ҷойҳои маҳрумият аз озодиро аз моҳи феврали соли 2014 оғоз намуд. Аз моҳи феврали соли 2014 то моҳи ноябри соли 2017 гурӯҳ зиёда аз 40 муассисаи пӯшида ва нимапӯшида - тавқифгоҳи муваққатӣ, СИЗО, муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷтимоӣ, муассисаҳои нигоҳдории кӯдакони дар мухолифат бо қонун қарордошта, муассисаҳои рӯҳӣ ва наркологиро боздид кард.