Бо Каромат Шарипов, роҳбари федератсияи «Муҳоҷирони меҳнатииИДМ», ки чанде пеш аз Русия хориҷ шуд, хабарнигори «Азия-Плюс» дар назди дарвозаҳои сафорати Русия дар Тоҷикистон вохӯрд. Маълум шуд, ки ӯ ба номи сафир Игор Лякин-Фролов нома-ариза оварда, бо консули Русия дар Тоҷикистон Олег Жуков вохӯрдааст.

«Маро фурӯхтанд гӯем ҳам, мешавад»

Фурсат кам ва Каромат Бақоевич хеле шитоб дошт, аз ин рӯ, ба мо муяссар шуд, ки танҳо бо чанд саволе ба ӯ муроҷиат кунем.

«Бесарусомонӣ ҳукмфармост. Ман ҳамчун инсон, шаҳрванди шӯравӣ ва шаҳрванди Русия ба ғуломӣ дар Русия бетараф буда наметавонам ва дар ин бора ҳамеша хоҳам гуфт. Барои ҳамин маро ихроҷ карданд», - иброз дошт ӯ.

- Яъне шумо бар ин назаред, ки ихроҷатон ангезаи сиёсӣ дорад?

- Инро касе эътироф намекунад. Мегӯянд, ки шиносномаро бо қонуншиканӣ гирифтаам, саҳеҳтар мегӯям, на шаҳрвандии қалбакӣ, балки шиноснома бо вайрон кардани қонун. Ман пешниҳод кардам, ки агар ин тавр бошад, биёед ислоҳ мекунем, лекин маро касе шунидан нахост. Аз куҷоедар бораи шаҳрванди Тоҷикистон будани ман маълумотнома пайдо шуд. Дар қабулгоҳи махсус ҷой карда, истирдод намуданд. Маро ба Тоҷикистон бидуни ҳуҷҷат фиристоданд, фурӯхтанд гӯем ҳам, мешавад…

«Дар Тоҷикистон низ ба ҳимоя аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар Русия омодаам»

- Дар робита ба таҳдиди шумо бобати ташкили эътирози бисёрҳазорнафараи муҳоҷирон дар Маскав. Дар ин бора ВАО-и Русия ҳангоми рӯйдодҳо дар бозори «Садовод» ва моҳи сентябри соли равон ҳангоми эътироз дар маркази савдои «Москва» навишта буданд.

- Ин тавр нест. Эътироз соли 2014 буд, соли 2017 дар ин хусус сухане ҳам нарафта буд. Он ҷо гап сари дигар чиз буд. ВАО тасодуфан ё дидаву дониста гуфтаҳои маро ғалат маънидод карданд. Он замон ман ба онҳо чунин гуфта будам: вақте шумо ҳазорон тоҷиконро ба зону задан ва тобеъият ба худ маҷбур мекунед, пулашонро намедиҳед ё дар ҳодисаи соли 2014 дар бозори «Садовод» метавонед шаҳрвандони Тоҷикистонро парронед, пас баъди ин метавонед баромада бубинед, ки натанҳо ман, балки садҳо, ҳазорон тоҷикон ба гирдиҳамойӣ даст мезананд, натанҳо Шарипов.

Чаро одамон ба эътироз даст мезананд? Онҳо эътироз намекунанд, фақат як чизро мехоҳанд - мо ҳам одамонему дар ҳамин сайёра ба дунё омадаем, дар ниҳояти кор ба мо ҳам таваҷҷуҳ кунед. Инро ба ман сардори қабулгоҳи махсус Сухов Андрей Николаевич тасдиқ намуда, зикр кард, ки зиндонҳои Русия аз тоҷикон пуранд. Охир  ин фарзандони мо ҳастанд, шумо чӣ кор мекунед? Агар ба ман дафтари корӣ диҳанд, дар Тоҷикистон низ ба ҳимоя аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар Русия омодаам, навиштаву исбот ва талаби адолат мекунем, ба самти аврупоӣ роҳ пеш мегирем.

- Ҳозир шумо ягон ҳуҷҷате доред?

- Маълумотнома, ки аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Русия дода шудааст, маълумотномаи қалбакӣ, муҳлаташ 25 декабр ба итмом мерасад. Дар кисаам шаҳодатномаи афсари мустаъфӣ ва собиқадори амалиёти ҷангӣ дорам, дигар чизе нест. Акнун Тоҷикистон уҳдадор аст, ки ба ман ҳуҷҷати «Шахси бешаҳрвандӣ» диҳад. Чӣ тавр онҳо ба ман шиносномаи Тоҷикистон медиҳанд, агар ҳама чизро риоя намекунанд? Ман ба ҷаноби консул изҳор доштам, ки онҳо конвенсияи ҳуқуқи башарро риоя накарданд, маро аз оилаам ҷудо карданд ва намоишкорона ба тамоми ҷаҳон нишон доданд, ки дар Русия механизми риояи ҳуқуқҳо нисбати мардуми аққалиятҳои миллӣ вуҷуд надорад. Мо ба миллионҳо нафар тоҷикон - муҳоҷирони корӣ кумак мекардем.

- Минбаъд чӣ кор карданиед?

- Ҳозир корам хеле зиёд аст, ба мақомот муроҷиат мекунам. Вохӯрӣ бо сафири ИМА дар Тоҷикистонро дархост мекунам. Адвокатҳо дар Русия кор карда, онҳо низ ба ҳама мақомот мераванд. Мо доир ба поймолкунии ҳуқуқҳои шаҳрвнадони Тоҷикистон дар Русия беш аз сад ҷилд тайёр кардем. Ман хеле мехоҳам, ки бо вазири корҳои дохилӣ вохӯрам. Умедворам, ки маро ба ҳузур мепазирад.

«Шаҳрвандии русиягиамро бояд баргардонам»

- Ба фикратон Тоҷикистон ба шумо ягон даъвое дорад? Шуморо дар ин ҷо боздошт карда метавонанд?

- Ман мудом мегӯям, ки агар хоҳиш бошад, ба симчӯб ҳам даъво ёфтан имкон дорад. Лекин ман роҳбари ҳизбӣ нестам, ман роҳбари ташкилоти ҳимоя аз ҳуқуқи муҳоҷирон мебошам, ки ба Тоҷикистон то 5 млрд. доллари ИМА ворид мекарданд. Муҳоҷирон кумак дархост мекарданд, ба онҳо пули корашонро намедоданд. Ман ба Тоҷикистон миллиардҳо рубл баргардонидаам. Аксарият худро канор мегиранд, лекин ман канор намеравам, хоҳ дар ин ҷо ё хоҳ дар он ҷо ба мардуми тоҷик кумак хоҳам кард. Нисбати ман парвандаи ҷиноӣ низ сохта метавонанд.

Лекин фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон мардум оқиланд ва Русия онҳоро ба ин иқдом равона намесозад, лекин нагар равона кунад, пас ин тамоман ба демократия ва ояндаи Тоҷикистон хотима мебахшад.

- Оилаатон дар Маскав монд? Онҳоро низ аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд?

- Ҳамсару духтари хурдӣ ва келину набераам баъди ду рӯзи ихроҷи ман ба Душанбе омаданд, зеро ҳолат чунин буд, ки минбаъд онҳо низ тариқи қабулгоҳи махсус ихроҷ мешуданд ва ман гуфтам, ки онҳо низ ба ин ҷо оянд. Ду писарам дар Маскав монданд. Он ҷо ман хона дорам. Фаъолияти дафтари корӣ муваққатан боздошта шудааст. Мо 100 нафар муҳоҷиронро бо масъалаҳои гуногун қабул мекардем. Миннатдорам, ки маро ба Африқои Ҷанубӣ нафиристода, барои ба Тоҷикистон омадану бо хешовандони наздик як ҷо будан имкон доданд.

- Рост аст, ки дар фурудгоҳи Кӯлоб шуморо намояндагони сохторҳои қудратӣ пешвоз гирифтанд?

- Вақте ман баромадам, дар гирду атроф касеро надидам, ҳарчанд гумон доштам, ки маро пешвоз мегиранд, вале онҳо ҳузур надоштанд. Рӯзи ҷумъа худам ба ВКД Тоҷикистон омадам.

- Ҳатман шаҳрвандии Русияро барои худ баргардонидан мехоҳед?

- Ман ба ин уҳдадорам. Ба он ноил гаштан зарур аст, ки вазъ бо риояи ҳуқуқи инсон беҳтар шавад. Дар Русия монанди ман 70 ҳазор нафи дигаранд. Онҳо маро набояд ба ин ҷо мефиристоданд, онҳо бояд ба ман имкон медоданд, ки шаҳрвандӣ гирам.