Максим Иванов, вакили Думаи давлатӣ, палатаи поёнии парлумони Русия аз ҳизби ҳокими "Единая Россия” рӯзи 28 март дар ҷаласаи кумитаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва динии Дума пешниҳод кардааст, то тамоми муҳоҷирони кориро ба гардондани дастбанд(браслет)-и чипдор маҷбур кунанд.

Сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» менависад, Максим Иванов, ки дар Думаи давлатӣ аз вилояти Свердловск намояндагӣ мекунад, гуфтааст, дар ин чип бояд тамоми маълумот дар бораи кай ба Русия омадани муҳоҷир, аз ҷониби кӣ даъват шудану дар куҷо кор карданаш ва ҳамчунин маълумоти дигар, аз ҷумла дар бораи чӣ маризиҳо доштани муҳоҷир дарҷ шавад.


Максим Иванов изҳор доштааст, ки ҳадафи вай "тамға” задани муҳоҷирон нест, балки осон кардани ҳаракати онҳо дар қаламрави Русия аст, чунки ба муҳоҷирони корӣ баъди бастани дастбанди чипдор дигар бо худ гардондани санадҳои қоғазии сершумор зарур намешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.