Чанде аз хонандагон ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки ворид шудан ба қаламрави Ӯзбекистон бо мошинҳои сиёҳшиша манъ шудааст, ҳарчанд рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба автомашианҳои сиёҳшиша аз Тоҷикистон иҷоза шуда буд, ки бемамониат дар дохили ин кишвар ҳаракат кунанд.

«Ман дар Тошканду Самарқанд будам, лекин ҳозир вақте хостам, ки дубора ба Ӯзбекистон ворид шавам, иҷоза надоданд. Аксари мошинҳое, ки аллакай маблағи полиси суғуртавиро пардохт карданд, маҷбур шуданд, ки шишаҳои мошинро тоза карда, баъд ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шаванд», - гуфт яке аз онҳо.

Дар ҳамин ҳол, қаблан ВАО-и Ӯзбекистон, аз ҷумла Агентии давлатии УзА хабар доданд, ки тибқи қонунгузорӣ сиёҳ кардани шишаи автомашинаҳо дар ин кишвар манъ буда, иҷрои ин қонун барои сайёҳон ҳам дахл дорад.

Зикр гардида буд, ки сайёҳонро оид ба ин масъала замони вуруд ба Ӯзбекистон дар сарҳад огоҳ мекунанд ва агар ронанда шишаи мошинҳояшро тоза накунад, корманди БДА метавонад ӯро ҷарима кунад.

Лекин баъдан нашрияи Nuz.uz бо истинод ба Раёсати БДА Тошканд хабар дод, ки дар мавриди ин кор дар давраи рӯзҳои ид ба шаҳрвандони хориҷие, ки тариқи транзит аз Ӯзбекистон мегузаранд, сайёҳон ва кормандони намояндагони дипломатӣ ҳаракат бо автомашинаҳои сиёҳшиша иҷоза мешавад.

Маълум мешавад, ки ин истисно танҳо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз амал мекардааст. Аз ин рӯ, акнун шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо автомашинаи худ азми сафар ба Ӯзбекистонро доранд, бояд ин масъаларо ба инобат бигиранд, ки дигар бо шишаҳои сиёҳ ворид шудани автомашинаро ба ин кишвар иҷоза намедиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.