Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки аз 7 то 10 апрел дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар аст.

Гуфта мешавад, чанд рӯзи наздик дар саросари кишвар обуҳавои номуосид, боридани борон ва дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст. Рӯзҳои 8 ва 9 апрел  ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад.

Зикр мегардад, ки давоми ин муддат рӯзона поинравии ҳарорат пешбинӣ шуда, дар водиҳо ҳарорат то 8-10 паст мешавад.

Дар навбати худ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки тадбирҳои асосии  бехатарии шахсиро риоя намуда, бидуни зарурат аз сайру саёҳат ба обанбору минтақаи кӯҳсор худдорӣ варзанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.