Давоми се рӯз қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон 10% поин рафт. Барои муҳоҷирони корӣ дар Русия, ки қисмате аз маоши худро маҳз бо рубл ба оилаҳояшон мефиристанд, ин хабар хуб нест: ба ивази наздики 150 сомонӣ барои 1 ҳазор рубл акнун наздикони муҳоҷирон ҳамагӣ 136 сомонӣ пул мегиранд.

Болоравии навбатии қурби доллар ва мутаносибан поинравии қурби рубли русӣ дар ҳисоб бо доллар метавонад ба таври қобили мулоҳиза даромади оилаҳои муҳоҷирони кории тоҷикро кам кунад, менависад Muhojir.news.tj. Қариб тӯли 2 сол чунин поинравии босуръати қурб ба мушоҳида нарасида буд. Рубли русӣ тадриҷан қавӣ шуда то аввали ҳафтаи равон устувор буд.

Имрӯз дар Русия 1 доллар дар сатҳи 64,0626 рубл сабт шуда ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи душанбе, 9 апрел ин нишондиҳанда ба 57,8332 рубл барои 1 доллар баробар буд.

Маълумоти омории Бонки марказии Русия гувоҳӣ медиҳад, ки нисбат ба соли 2016 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 беш аз 600 млн. доллар зиёд шуда, 2 млрд. 536 млн. долларро ташкил додааст.

Аз соли 2014 сатҳи интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон устуворона поин мерафт (бо доллар) ва ба туфайли устувории қурби рубли русӣ нисбати доллар, шумори муҳоҷирн низ меафзуд.

Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз 12 апрел, қурби расмии 1 доллар ба 0,1364 сомонӣ баробар аст (рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта - 0,1523 сомонӣ).

Бино ба ин маълумот, соли 2017 маблағи миёнаи як интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон қариб 100 долларро ташкил дода, бо рубли русӣ ба 5 ҳазору 831 рубл баробар мебошад. Имрӯз бошад, барои харидани 100 доллару ба хона фиристодани он, ба муҳоҷир аллакай 6 ҳазору 406 рубл маблағ зарур аст.

Масалан, агар ҳамватани мо дар Русия 30 ҳазор рубл маош гирад, ҳанӯз дирӯз он ба 482 доллар баробар буд, имрӯз бошад, аллакай 473 доллар, яъне 9 доллар камтар.

Ба ҳар ҳол, ҳиссаи асосии интиқоли пулҳо аз Русия ба Тоҷикистон 83% аз рубли русӣ  ва ҳамагӣ 16% аз доллару 0,1% аз евро иборат аст.

Ҳамин тавр маълум мешавад, ки муддати 3 рӯз дар ивази 15 ҳазор рубл ба сомонӣ 188 сомонӣ талаф дода мешавад.

Қурби расмии рубли русӣ нисбати сомонӣ аз 9 то 12 апрел, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар шудааст:

12 апрел — 10 рубл – 1 сомонӣ 36 дирам

11 апрел – 10 рубл – 1 сомонӣ 41 дирам

10 апрел – 10 рубл – 1 сомонӣ 46 дирамов

9 апреля – 10 рубл – 1 сомонӣ 52 дирамов.

Алҳол бесарусомонӣ нест

Роҳбари Ассостсиатсияи халқҳои Урал ва раиси шӯрои «Ҷамъияти фарҳанги тоҷикони «Сомон» Фаррух Мирзоев дар мусоҳиба ба Muhojir.news.tj қайд кард, ки поинравии қурби рубл ба даромади муҳоҷирони корӣ дар Русия таъсир намерасонад.

"Вале агар поинравӣ идома ёфта, он ниҳоят зиёд шавад, албатта, муҳоҷирон онро дар худ эҳсос мекунанд. Дар навбати аввал оилаҳои онҳо ба мушкилӣ дучор мешаванд», - гуфт ӯ.

Вале дар худи Русия ин тамоил ба муҳоҷирон начандон таъсири ҷиддӣ мерасонад, зеро нархҳо ба маҳсулоти ғизойии истеҳсоли Русия маъмулан зимни коҳишёбии қурби рубл боло намераванд, қайд мекунад Мирзоев.

«Агар доир ба солҳои 2014-2016 бигӯем, ки он замон вуруди муҳоҷирон ба Русия ба таври назаррас кам шуд, он вақт сабаби асосӣ маҳз дар он буд, ки даромади онҳо босуръат коҳиш ёфт. Агар то буҳрон ҳамасола ба Екатеринбург то 127 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Тоҷикистон меомаданд, солҳои 2015-2016 ин шумор то 80-90 ҳазор нафар поин рафт», - мегӯяд номбурда.

Мавсими муҳоҷирати корӣ ба Русия акнун оғоз шуда истодааст ва агар поинравии қурби рубл нисбати доллару евро идома ёбад, билетҳои ҳавопаймоӣ низ қимат мешаванд, зеро ба қурби ҳамин ду асъори хориҷӣ вобастаанд.

Сарфа кардан лозим меояд

Тоҷикистонӣ Нусратулло муддати зиёдест, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Дар бораи поинравии қурби рубл ӯ ҳамин рӯз огаҳ шуд ва умедвор аст, ки он дар ҳамин сатҳ боқӣ монда, боз устувор мешавад.

«Ба хароҷоти ман ин начандон таъсир мекунад. Бори гузашта, соли 2014 низ маоши ман тағйир наёфт, яъне онро кам накарданд. Вале ба пулҳое, ки ба волидонам ба Тоҷикистон мефиристам, ин таъсири назаррас мерасонад. Худатон ҳисоб кунед, ман ба онҳо 10 ҳазор пул фиристодам. Ду рӯз пеш ин тақрибан ба 1500 сомонӣ баробар буд, ҳозир бошад, ба 1360 сомонӣ, яъне аллакай 140 сомонӣ камтар. Ояндаашро Худо медонад», - гуфт ӯ.

Бино ба гуфтаи ин муҳоҷир, бисёр вақт муҳоҷирони тоҷик аз зиндагии худашон сарфа мекунанд, то ки ба хона зиёдтар пул фиристанд, зеро нисбат ба Русия дар Тоҷикистон ҳама чиз гаронтар аст. Дар давраҳои ба ин монанди буҳрон лозим меояд, ки боз бештар сарфа намоӣ, то ки оилаат дар Тоҷикистон бу душворӣ дучор нашавад.

Поинравии қурби рубл ва болоравии қурби доллар ба Тоҷикистон таъсири мустақим дорад, ки ба ин таҷрибаи солҳои пеш гувоҳӣ дода, дар ин давраҳо даромади аҳолӣ босуръат кам шуд, чунки беш аз нисфи аҳолии кишвар аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон аз Русия зиндагӣ мекунад.

Ин омил ҳамчунин ба болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар молу маҳсулот низ таъсири мустақим дорад, зеро Тоҷикиситон 60-70% ба воридот вобаста аст.

Воридоти маҳсулот бо асъор сурат мегирад ва мутаносибан соҳибкорон барои ҷуброн кардану фоида ба даст овраданашон аз долларҳои сарфкардаашон ба харидории маҳсулот дар хориҷи кишвар, нархҳоро бо пули миллӣ зиёд мекунанд. Ин болоравӣ нархҳо маҳсулоти маҳаллиро низ фаро мегирад, ки ба афзоиши сунъии нархҳо дар бозорҳо боис мегардад.