Олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян карданд, ки имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон санаи 17 май фаро мерасад.

Тавре дар сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон хабар дода мешавад, мувофиқи ҳисоби тақвимӣ ва маълумоти Пажўҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ имсол моҳи мубораки Рамазон дар қаламрави кишвар ба рӯзи панҷшанбе - 17-уми май рост меояд.

«Дар асоси маълумоти Пажўҳишгоҳи мазкур муайян гардид, ки рӯзи 29-уми моҳи шаъбон мутобиқ ба 15-уми майи соли 2018 соати 1648 ҳодисаи астрономии “Моҳи нав” рух медиҳад ва дар ин вақт мушоҳида кардани моҳи нав дар уфуқ ғайриимкон аст», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, аз ин лиҳоз, моҳи шаъбон 30 рӯз ҳисобида шуда, 16-уми май ба анҷом мерасад ва 17-уми май рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.

Аммо муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бар ин назар аст, ки ин сана ҳанӯз чандон саҳеҳ нест.

«Санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон рӯзи 14 май дар маҷлиси умумии аъзои Шӯрои уламо баъди баррасӣ эълон мешавад», - хабар дод ӯ.

Ба гуфтаи муфтӣ, рӯзи 14 май ҳамчунин вақти аввалин намози таровеҳи имсол, маблағи законт ва гурӯҳи шахсоне, ки рӯзи доштанашон ҳатмӣ нест, эълон мешавад.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.