Сайёҳи тоҷик Фарҳод Калонов, ки муддати 4 сол пайдарпай дар лоиҳаи «Мо - тоҷикон» саҳм мегирад, рӯзи 31 май ба аввалин пойгаи автомобилии яккаву танҳои даври дунё раҳсипор мешавад.

Тӯли расо як сол ӯ ният дорад, ки беш аз 100 ҳазор км масофаро тай намояд ва барои Фарҳод ин танҳо як дилхушӣ нест, балки шахсан сайёҳонро аз саросари ҷаҳон ба Тоҷикистон даъват хоҳад кард.

Ба гуфтаи Фарҳод, ҷалби меҳмонон рисолати ягона набуда, тайи 12 моҳи гузаштан аз 1000 шаҳрҳои ҷаҳон сайёҳ ба сокинони онҳо дар бораи муҳимияти дастгирии кӯдакони гирифтори синдроми Даун маълумот хоҳад дод, зеро ӯ сафири иродаи неки ташкилоти хайрияи SIDA Тоҷикистон («СИДА» Синдроми Даун) мебошад.

Ин лоиҳа панҷум аст. Давраҳои пешини «Мо тоҷикон» низ, ки ҳанӯз соли 2015 оғоз гардида буданд, тамоили хайриявӣ доштанд. Соли 2017 ба Фарҳод Калонов ҷамъоварии маблағи назаррас барои  ҷарроҳии 3 нафар кӯдакон муяссар шуда буд.

Масофаи умумии то имрӯз тайкардаи ӯ дар кишварҳои ИДМ, Туркия, Аврупо, ИМА, Шарқи Наздик ва Дур бидуни назардошти сафарҳо ба давлатҳои ҳамсоя, зиёда аз 100 ҳазор километрро ташкил медиҳад.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ - Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.tj ва [email protected].