Дар робита ба ташрифи сарони кишварҳои узви ИДМ ба Душанбе роҳҳои марказии пойтахт баста шуданд.

Ин вазъ ду рӯз – 27 ва 28 сентябр идома меёбад. Мо барои шумо харитаи басташавии роҳҳо дар Душанберо таҳия намудем.


Муддати ду рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳҳои кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, Лоҳутӣ, Сомонӣ, Низоми Ганҷавӣ, Ҳувайдуллоев, Карамов, Алишери Навоӣ то даромадгоҳ ба шаҳри Турсунзода ва аз кӯчаи Айнӣ то шаҳр Норак маҳдуд мешавад.

Шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт хоҳиш кардаааст, ки дар ин рӯзҳо аз баромадан бо воситаҳои нақлиёти шахсиашон худдорӣ намуда, аз хизматрасонии нақлиётҳои ҷамъиятӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ бошад, аз кӯчаҳои ҳамшафати онҳо, бо риояи талаботҳои «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» истифода баранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.