Ҳукумати Ӯзбекистон дар робита ба хуруҷи коронавирус дар ин кишвар оид ба озод кардани қисме аз маҳбусон тасмим гирифт.

Дар Тоҷикистон мавҷуд будани коронавирус расман эътироф шуд. Акнун оё Тоҷикистон низ чунин тасмим гирифта метавонад?

Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СРИҶҶ)-и Вазорати адлияи ҶТ Мансурҷон Умаров ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки дар Сарраёсат доир ба озод кардани маҳбусон дар сурати ошкор шудани коронавирус маълумот надоранд.

“Дар ин хусус чизи мушаххасе гуфта наметавонам. Илова бар ин, моҳи октябри соли гузашта дар ҷумҳурӣ авф эълон шуда, қариб 20 ҳазор маҳбусонро фаро гирифт. Ҳалли ин масъала дар салоҳияти ман нест”, - гуфт сардори Сарраёсат.

Ба гуфтаи ӯ, дар муассисаҳои ислоҳии №1 ва №2 айни замон 21 нафар маҳбусон бо таби баланд аз дарди гулӯ дар қисми тиббӣ бистарӣ буда, зери назорати табибон қарор доранд.

Умаров овозаҳои то 38,7 дараҷа таби баланд доштани адвокат Бузургмеҳр Ёровро, ки дар зиндони №1 муҳлати ҷазои 26-солаашро адо мекунад, рад карда, изҳор дошт, ки таби баланди ӯ аз гармист:

“Ман ҳам инро аз интернет мутолиа кардам. Дастур додам, ки маълумотро санҷанд ва маълум шуд, ки нодуруст аст. Ёров солим буда, худаш ба хонаашон занг зад ва инро ба пайвандонаш хабар дод”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.