Зимни ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ таҳти роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ иттилоъ дод, ки муассисаҳои тиббии Хуҷанд бо 143 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) таъмин шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Зайнура Азимӣ қайд кард, ки ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар 64 қитъаи интихоботӣ нуқтаҳои тиббӣ ташкил гардида, фаъолияти табибони оилавӣ ҷоннок карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд бо автомашинаҳои махсуси тиббӣ, муассисаҳои тиббии он бо 143 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ таъмин шудаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Мутобиқи дастури раиси вилоят, дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд маркази тамос оид ба масъалаҳои  COVID-19 ташкил шудааст, ки барои  сокинони вилоят шабонарӯзӣ хизмат мерасонад.

Рақамҳои робита бо ин марказ: (83422) 4 69 60, (83422) 4 69 63, (83422) 4 69 61, (83422) 4 69 62, (83422) 4 69 64, (83422) 4 69 65.

Зимни ҷаласа қайд шуд, ки дар корхонаҳои вилоят дар як руз зиёда аз 4000 корҷома ва 270 ҳазор ниқоби муҳофизатӣ истеҳсол шуда, ба муассисаҳои тиббӣ ва сокинон дастрас карда мешавад.

Ҳамзамон дар ҷаласа вазъи таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо оксиген баррасӣ шуд. Раиси вилоят масъулинро бобати дарёфти зарфҳои махсус барои оксиген ва таъмину захираи беморхонаҳо бо он вазифадор кард.

Минбаъд бо дастури раиси вилоят табибоне, ки ба карантин мебароянд, бо ҷойи махсус ва шароити зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин ба масъулин дастур дод, ки корҳои безараргардонӣ ва дезинфексионӣ ҷоннок карда шуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, мавзеъҳои истиқоматӣ ва роҳравҳо пайваста гузаронида шавад.

Ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки дар байни мардум корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монанд, зеро то ба имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят талаботи пешниҳодшуда риоя намешаванд. Чунончӣ, дар баъзе шаҳру деҳоти вилоят сокинон бе истифода аз ниқоб гаштугузор карда, беҳдошти гигиенаи шахсиро риоя намекунанд. Равуои байни хонаводагӣ то ҳол идома дорад, ки ин амал боиси паҳншавии беморӣ шуда метавонад.

Раиси вилоят бобати фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ ва роҳандозӣ кардани содироти маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла, маҳсулоти кишоварзӣ супоришҳои мушаххас дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.