Вазорати коммуникатсия ва алоқаи Русия дар бораи иҷрои боз 14 парвоз аз Тоҷикистон ба Русия то 25 сентябр хабар дод.

Рӯйхати ҷадвали пешакии хатсайрҳои чартерӣ дар шабакаи телеграми Коронавирус: хатсайрҳо ба ФР Вазорати коммуникатсия ва алоқаи Русия ба нашр расид.

Дар хабар қайд мешавад, ки ба ин парвозҳо ҳамаи шаҳрвандони Русия сарфи назар аз минтақаи қайд ва зист, номнавис шуда метавонанд.

Ҳамаи парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии" (ба ҷуз ду парвози рӯзи 31 август) анҷом дода мешаванд.

Огаҳӣ! Ба шахсоне, ки ба рӯйхати мусофирони хатсайри мазкур дар портали Хизматгузории давлатӣ дохил нашудаанд, билет фурӯхта намешавад.

Рӯйхати пешакии хатсайрҳои баровардани шаҳрвандон аз Тоҷикистон ба Русия:  

✈️Парвоз бо хатсайри SMR203 Душанбе – Санкт-Петербург 31.08.2020 соати 18:00 (бо вақти маҳаллӣ)

✈️Парвоз бо хатсайри SMR233 Душанбе – Москва 31.08.2020 соати 18:00 (бо вақти маҳаллӣ)

✈️Парвоз бо хатсайри SVR8424 Душанбе – Жуковский 02.09.2020 (вақти парвоз дақиқ мешавад)

✈️Парвоз бо хатсайри SVR 8426 Хуҷанд – Москва 03.09.2020 (вақти парвоз дақиқ мешавад)

✈️Парвоз бо хатсайри SVR8880 Душанбе – Санкт-Петербург 04.09.2020 (время вылета уточняется)

✈️Парвоз бо хатсайри SVR8928 Душанбе – Самара 06.09.2020 (вақти парвоз дақиқ мешавад)

✈️Парвоз бо хатсайри SVR8968 Душанбе – Краснодар 06.09.2020 (вақти парвоз дақиқ мешавад)

✈️Парвоз бо хатсайри SVR8424 Душанбе – Москва 07.09.2020 (вақти парвоз дақиқ мешавад)

✈️Парвоз бо хатсайри SVR8642 Хуҷанд – Санкт-Петербург 07.09.2020 (вақти парвоз дақиқ мешавад)

✈️Парвоз бо хатсайри SVR8954 Душанбе – Екатеринбург 08.09.2020 (вақти парвоз дақиқ мешавад)

✈️Парвоз бо хатсайри SVR8426 Хуҷанд – Москва 10.09.2020 (вақти парвоз дақиқ мешавад)

✈️Парвоз бо хатсайри SVR8880 Душанбе – Санкт-Петербург 11.09.2020 (вақти парвоз дақиқ мешавад)

✈️Парвоз бо хатсайри SVR8928 Душанбе – Самара 13.09.2020 (вақти парвоз дақиқ мешавад)

✈️Парвоз бо хатсайри SVR8968 Душанбе – Краснодар 13.09.2020 (вақти парвоз дақиқ мешавад).

Ёдрас мекунем, ки барои номнавис шудан ба хатсайрҳо, шаҳрвандон бояд худро бо суроғаи зерин ба қайд гузоранд.

Рӯйхатҳо бар асоси бақайдгузорӣ дар портали Хизматрасонии давлатии Русия тартиб дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.