Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода ва вазири маорифи халқи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов иштирок мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як мнбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар дод.

Мактаб барои таҳсили 640 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, аз ҳисоби буҷети давлатии кишвари ҳасмоя сохта ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Созишнома дар бораи сохтмони ин иншоот зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ба имзо расида буд.

Баргузории маросими тантанавии ифтитоҳи мактаби мазкур рӯзи 27 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҷуз мактаб дар ноҳияи Спитамен, сохтмони беморхона барои қабули 200 нафар дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон низ аз ҷониби Ӯзбекистон ҷараён дорад.

Тоҷикистон низ дар навбати худ доир ба сохтмони мактаб дар шаҳри Самарқанд барои 640 ҷойи нишаст изҳори назар карда буд. Ҳамчунин Тоҷикистон ният дорад, ки дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона як муассисаи томактабӣ созад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.