Аз имрӯз билетҳо ба парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон ба фурӯши озод бароварда шуданд. Ин қарор бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус қабул шуд.

Ҳамзамон дар робита ба дигар зарурат надоштани таҳияи рӯйхатҳои шаҳрвандон ба парвозҳо, кори комиссияҳои махсус, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии кишвар дар Русия фаъолият доштанд, боздошта мешаванд, хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

“Ҳамватанон аз нуқтаҳои расмии фурӯши билетҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Русия билет харида метавонанд. Вазорат бо дархости дар фурсатҳои кӯтоҳтарин роҳандозӣ намудани низоми онлайн-фурӯши билетҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ муроҷиат кард”, - қайд мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки нархи билет ба парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон 395 евро муқаррар шудааст. Парвозҳоро ширкати “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Краснодар, Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Новосибирск ва Сургут анҷом медиҳад. Билетҳо тариқи нуқтаҳои расмӣ фурӯхта мешаванд.

Ҳамватаноне, ки ба Тоҷикистон бармегарданд бояд бо худ ҳатман маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19-ро дошта бошанд, ки на пештар аз 96 соат (4 шабонарӯз)-и расидан ба Тоҷикистон гирифта шуда бошад.  Кӯдакони то сесола аз доштани ин гуна маълумотнома озоданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.