Дар назди бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе сохтмони аввалин таваққуфгоҳи шашсатҳа барои мошинҳо оғоз гардид, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати пойтахт.

“Ба сохтмони таваққуфгоҳи шашошёна барои 460 автомашина дар наздикии бозори “Корвон” оғоз кардем. Барои ин 11 манзили зисти назди бозор тахриб (кӯчонида) шуданд. Айни замон таҳхонаи зеризаминии таваққуфгоҳ сохта шуда истодааст. Ба истифода додани иншоот соли оянда, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” меъмори ноҳияи Фирдавсӣ Фаридун Ҷомиев.

Ӯ қайд кард, ки таваққуфгоҳ аз ҳисоби ҶДММ “Корвон” сохта шуда, маблағи ҷуброни хонаҳои кӯчонидашуда низ аз ҷониби бозор пардохта шуд.

Дар Сарраёсати меъморӣ низ хабар доданд, ки масъалаи сохтмони чунин таваққуфгоҳҳо дар дигар ноҳияҳои Душанбе мавриди баррасӣ қарор дошта, ояндаи наздик шояд бунёди яке аз онҳо дар ноҳияи Сино оғоз гардад.

Ҳанӯз охири соли 2019 бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи таваққуфгоҳҳои муосири бисёрсатҳа барои мошинҳо дар пойтахт таҳия шуд.

Он замон хабар дода буданд, ки иншооти мазкур барои бартараф кардани мушкилоти дар кӯчаву ҳавлиҳои назди хонаҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳои муқаррарнашуда ба муддати тӯлонӣ гузоштани автомашинаҳо бунёд мегардад.

Зикр гардида буд, ки таваққуфгоҳҳо бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ, нуқтаҳои шустани мошинҳо ва посбонии шабонарӯзӣ таъмин мешаванд.

1/2

Дар шаҳрдорӣ қайд карда буданд, ки таваққуфгоҳҳои аз чор то шашошёна дар ноҳияҳои гуногуни пойтахт бо назардошти шумори автомашинаҳои дар онҳо сабтшуда сохта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.