Тибқи нақшаи гулпарварони пойтахт, то баҳор дар Душанбе бояд ҳудуди 4 млн бех гули лола шинонида шавад, лекин раиси пойтахт дархост намудааст, ки зиёдтар шинонанд.

Дархости раиси шаҳр ба он рабт дорад, ки соли оянда дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ду нишасти бузурги сиёсӣ - ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД ба нақша гирифта шудааст.

“Чунин миқдор гули лола (наздик ба 4 млн бех) дар пойтахти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ шинонида нашудааст. Соли гузашта наздики 1 млн дона гули лола шинонида шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

16:23 1 апреля, 2019

Ба иттилои манбаъ, то баҳор дар пойтахт натанҳо гули лола, балки дигар навҳои гуногуни гулҳо, аз қабили гули довудӣ (хризантема), бегония, карнайчагул (петуния) ва салвия низ шинонида хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи гулҳо дар парваришхонаҳои шаҳр барои шинонидан тайёр мешаванд.

Дар пойтахти Тоҷикистон то фасли баҳор ҳамагӣ беш аз 12,5 млн бех гулҳои гуногун шинонида хоҳанд шуд, ки нисбат ба соли равон қариб 2,5 млн дона бех зиёдтар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.