Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" S7 Airlines барои анҷоми парвозҳо аз Иркутски Русия ба шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ва баръакс иҷозатнома дарёфт кардааст. Дар ин бора Оҷонсии федералии ҳавонавардии Русия хабар медиҳад.

Санаи парвози аввал ва теъдоди парвозҳо ҳанӯз маълум нест.

Ҳамзамон, таъкид мешавад, ки Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ба ин ширкат парвозҳо ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлонро иҷоза надодааст.

Тасмими додани иҷоза ба маънои аз сар гирифтани парвозҳои байналмилалӣ дар ин масир нест, ишора шудааст дар дастури дарёфти иҷоза. Гуфта шудааст, ки дар сурати барқарор шудани парвозҳо ин ширкат метавонад ин парвозро дар ин хатсайр анҷом диҳад. 

Ёдовар мешавем, ки Русия парвози ҳавоӣ бо Тоҷикистонро дар авоили моҳи апрел барқарор кард.

Дар ҳоли ҳозир, парвозҳои мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон тавассути хатсайри Душанбе-Маскав ва бозгашт бо теъдоди ду парвоз дар як ҳафта анҷом дода мешаванд - як парвоз тавассути "UTair", як парвоз тавассути ширкати "Сомон Эйр".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.