Ҷаҳонгард Виталий Хинензон аввалин шуда аз тоҷикистониён қуллаи баландтарини сайёра Ҷамолунгма (Эверест)-ро фатҳ кард. Баландии ин қулла 8848 метр аст.

Дар ҳайати гурӯҳи интернатсионалӣ Виталий Хинензон ба сафари Ҳимолой раҳсипор шуд, ки 11 апрел аз шаҳри Катманду дар Непал оғоз гардид.

Сафари фатҳи ин қулла бо мусоидати маҳфили украинии “Кулуарпоход” баргузор шуд.

Сурат: Нодира Турсунзода

Виталий ҷашонгарди соҳибтаҷриба буда, ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ ба сайёҳии кӯҳӣ ва кӯҳнавардӣ машғул аст.

Ӯ дар сафари фатҳи қуллаҳо дар Қафқозу Помир иштирок карда, ба фатҳи қуллаҳои баландиашон 5 ҳазор метрии Казбек, Элбрус ва 7 ҳазор метрии Исмоии Сомонӣ, Сино ва Озодӣ (собиқ Ленин, Коммунизм ва Корженевский) ноил гардидааст.

Сурат: Нодира Турсунзода

Фатҳи Эверест ҳанӯз соли гузашта тарҳрезӣ шуда, лекин бар асари пандемияи ҷаҳонии COVID-19 лозим омад, ки ба вақти дигар мавқуф гузошта шавад.

Лаҳзаҳои бештар мароқовари фатҳи қулла нахустин сафарҳои кӯҳнавардон ба Эверест аз як қатор кишварҳо - Тоҷикистону Молдова, Қирғизистону Беларус, Исроил ва дигар давлатҳо мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.