Профессор Нигина Шаропова муовини пешини сарвазири Тоҷикистон ва духтари пизишки маъруфи тоҷик Минҳоҷ Ғуломов, имрӯз дар сини 62-солагӣ, бар асари беморие, ки дошт дар Душанбе даргузашт.

Шуҳрат Саъдиев, яке аз масъулони саҳфаи донишномаи озоди Википедия дар Тоҷикистон, сабаби марги ӯро дар фейсбук "аз бемории сироятӣ" навиштааст.

Қарор аст маросими видоъ ва ҷанозаи ин ходими давлатӣ дар Душанбе баргузор шавад. 

Нигина Шаропова, ки 15 соли ахир мудири кафедра ва устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буд, имрӯз дар рӯзи таваллудаш даргузашт. Ӯ 27 июни соли 1959 дар Душанбе  таваллуд шудааст. Пас аз хатми Донишгоҳи тиббии ба номи Синои Душанбе ба дунболи падар рафта, дар риштаи равонпизишкӣ кор ва таҳқиқи худро давом дода буд. 

Соли 1986 дар Москва дар мавзӯи “Клиника ва ташаккули алоими Кандинский–Клерамбо ҳангоми таваҳҳумоти шадиди алкоголӣ” рисолаи номзадӣ дифоъ карда буд. Сарпизишки Маркази ҷумҳурявии офияти психикии кӯдакону наврасон (1993-1995), мудири кафедраи равонпизикшӣ ва наркологияи Донишкадаи бозомӯзии кормандони тибби  Тоҷикистон буд.

Соли 1999 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ таъйин шуда, ки то соли 2004 ин масъулиятро дошт.

Баъдан то соли 2006 ба ҳайси муовини вазири тандурустии Тоҷикистон  кор кард. Сипас аз соли 2006 то поёни умр мудири кафедраи равонпизишкӣ ва наркологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи падараш Минҳоҷ Ғуломов буд.

Нигина Шаропова соли 2001 дар Маскав рисолаи доктории худро дар мавзуи “ Психозҳои алкоголии мураккаби ҷараёнашон шадид” ҳимоя кардааст. Бино ба навиштаи шаҳиҳолияш муаллифи беш аз 100 асару мақолаи илмӣ, китоби дарсӣ барои мактабҳои олии тиббӣ, 6 дастури таълимию методӣ, 5 тавсияномаи методӣ, 20 мақолаи илмӣ, 56 тезис, 3 пешниҳоди ратсионализаторӣ мебошад.

Гуруҳи расонаҳои Asia-Plus марги ин бонуи илм ва сиёсатро барои ҷомеаи Тоҷикистон як талафоти бузург медонад ва ба наздикону пайвандонашон дар ин мусибати сахт сабру шикебойӣ мехоҳад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.