Пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода (Убайдулло Асроров)-ро ба асардуздӣ, дар вақти навиштани рисолаи илмияш барои дарёфти нозадии илмҳои иқтисодӣ, муттаҳам кард. Ин маълумотро пойгоҳ рӯзи 29-уми июли соли равонр нашр кардааст.

Убайдулло Асрорзода аз 24 январи соли 2020 ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон аст.  

Ба навиштаи торнамои ин пойгоҳ, Убайдулло Асроров рисолаи номзадии худро дар мавзуъи “Бозори озуқаворӣ ва такмили механизми танзими давлатии он (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)” (Продовольственный рынок и совершенствование механизма его государственного регулирования (на материалах Республики Таджикистан) бахши зиёди кори худро аз рисолаи илмии Галина Зинчук. “Развитие продовольственного рынка : теория, методология, практика”, ки соли 2008 дифоъ шудааст ва Александр Васютин “Развитие рынка зерна в России”, ки соли 2000 дифоъ шудааст, бардошта, даст ба асардуздӣ задааст.

Манбаъ менависад, ки Асроров дар баъзе ҷойҳо "Федератсияи Русия" -ро ба “Ҷумҳурии Тоҷикистон» (саҳ. 113, 147), “минтақаҳои шимоли дур"-ро ба "минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ" (саҳ. 27, 50), "бозори ғалла"-ро ба  “бозори озуқаворӣ" (саҳ. 113) , 116-118, 121-123, 125-127, 129, 132-133, 154), "ғалладона"-ро ба "хӯрок" ё "маҳсулот" (саҳ. 115-116, 119, 121, 124, 126, 128) -129, 133, 141-142) иваз мекунаду халос.

“Диссернет” навиштааст, ки Асроров дар 57 саҳифаи рисолаи илмияш аз кори Галина Зинчук  ва дар 36 саҳифааш аз  рисолаи Александр Васютин саҳифаҳоеро пурра ва саҳифаҳоеро қисман рӯйбардор кардааст.

Пойгоҳ менависад, ки Асроров 5 ноябри соли 2011 рисолаи номзадии худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои  назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон зери роҳбари Пириев Ҷалил Сафарович дифоъ намудааст.


Ин фошкории “Диссернет” дар ҳолест, ки Убайдулло Асроров, мувофиқи иттилои торнамои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 5 майи имсол рисолаи докторияшро дар мавзуъи “Рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии мардумии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” дифоъ кардааст.

Асрорзода соли 2013 Ҷоизаи давлатии олимони ҷавон дар соҳаи илму техника - Исмоили Сомониро ба даси овардааст. Зимнан, наздик ба 10 нафар аз “қаҳрамонҳои “Диссернет” онҳое ҳастанд, ки ҳамин ҷоизаи давлатӣ барои олимони ҷавонро соҳиб шудаанд.

Убайдулло Асрорзода то расидан ба курсии ректорӣ, ба унвони коршиноси қарзии шуъбаи амалиётии Бонки рушди Тоҷикистон, ассистенти кафедраи фаъолияти бонкӣ, ҷонишини декани факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, декани факултети таҳсилоти ғоибона, декани факултети молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, муовини сардори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ кор кардааст. 

Дар ҳоли ҳозир назар ва вокуниши расмии Асрорзода ба ин иттиҳоми пойгоҳи "Диссернет" маълум нест.

Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад.

Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 50 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам кард, аммо аз ин миён танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.