Рӯзи 30 август ба шаҳри Душанбе миқдори навбатӣ - 500 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи истеҳсоли Чин - CoronaVac оварда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки пештар Чин ба Тоҷикистон ба таври ройгон зиёда аз 2 млн вояи ваксинаи CoronaVac-и истеҳсоли ширкати "Sinovac Research & Development Co." дода буд.

Тавофуқ бобати таҳвили миқдори нави ваксина ба сифати кумаки башардӯстона 1 марти соли 2021 зимни гуфтушуниди президенти Тоҷикистн Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Чин Си Ҷинпин ҳосил шуда буд.

Масъалаи интиқоли ваксина чанде пеш дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин низ баррасӣ шуда буд.

Сурат: хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ

Дар маълумоти Вазорати тандурустӣ зикр мешавад, ки “ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсуси Вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи нақшаи миллӣ ба табақаҳои пешбинишудаи аҳолӣ  гузаронида мешаванд”.

Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз 39 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, теъдоди умумии сироятёфтагон дар кишвар то 30 август 16 ҳазору 817 нафар ва шумори умумии шифоёфтагон аз ин беморӣ 16 ҳазору 660 нафар ё худ 99,1%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти расмӣ, аз оғози пандемия то ин дам 124 нафар шаҳрвнадон бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ба ҳолати то 23 август дар Тоҷикистон 1 млн 891 ҳазору 850 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин воя (доза)-и дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 363 ҳазору 895 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.