Имрӯз, 12 октябр, дар Агентии омори назди ҲҶТ муаррифии натиҷаи пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҶТ дар соли 2020 баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2020 аҳолии Тоҷикистон 9 млн 661 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мардҳо 4 млн 901 ҳазор нафар ва занҳо 4 млн 760 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Беш аз 2 млн 528 ҳазор нафар ё 26,2%-и аҳолӣ шаҳрнишин ва 7 млн 133 ҳазор нафар ё 73,8%-ро аҳолии деҳот ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум 2 млн 097 ҳазор нафар ё 27,7% зиёд шудааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, шумораи аҳолии ВМКБ 227,2 ҳазор нафар (соли 2010-ум 206 ҳазор нафар буд), вилояти Сугд 2 млн 770 ҳазор нафар (соли 2010-ум 2 млн 233 ҳазор нафар буд), вилояти Хатлон 3 млн 444 ҳазор нафар (соли 2010-ум 2 млн 677 ҳазор нафар буд), шаҳри Душанбе 948,8 ҳазор нафар (соли 2010-ум 724 ҳазор нафар буд) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 млн 270 ҳазор нафар (соли 2010-ум 1 млн 722 ҳазор нафар буд) мебошанд.
Таъкид гардид ки натиҷаи ниҳоии барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 давоми солҳои 2022-2024 дар 11 ҷилд: дар соли 2022 маълумот дар бораи шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ, ҳайати синнусолӣ, ҷинсӣ ва ҳолати ақди ниқоҳ, ақалияти миллӣ ва донистани забонҳо, шаҳрвандии аҳолӣ, сатҳи маълумотнокӣ, дар соли 2023 - маълумот дар бораи шумора ва ҳайати хонаводаҳо, манбаъҳои васоити зиндагӣ, машғулиятҳо ва намудҳои фаъолияти иқтисодии аҳолӣ, давомнокии истиқомат дар ҷойи истиқомати доимӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ, соли 2024 - маълумот дар бораи таваллуд ва фавти аҳолӣ, маъюбии шаҳрвандон, ҷамъбаст ва дастраси омма мегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Душанбе – дом нашей надежды» Рустам Эмомали поздравил душанбинцев с Днем города
Первые места в Душанбинском полумарафоне заняли представители Украины и Узбекистана
Ереван и Баку впервые достигли соглашения о делимитации участка границы
Песни о солнечном Душанбе. Сегодня столица Таджикистана отмечает свой день
Правительство России уточнило правила утверждения квот на иностранных работников в регионах
Таджикистан и Евросоюз готовят новое соглашение о сотрудничестве
Делегация Таджикистана ознакомилась с передовыми технологиями на таможне Узбекистана
Главу земельного комитета Хуросона задержали по подозрению в мошенничестве с землей
Президент Казахстана подписал закон о запрете вейпов
Что нужно молодежной сборной Таджикистана для выхода из группы?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста