Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки барои ба Умра (ё тавре дар Тоҷикистон маъмул шудааст Ҳаҷҷи Умра) рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазири иҷозаи Ситоди ҷумҳурявии муҷовимат бо коронавирус ҳастанд. Дар ин бора аз худи Кумита ба "Азия-Плюс" хабар доданд.
Сухангӯйи Кумита мегӯяд, ки ҳамарӯза ба ин ниҳод даҳҳо шаҳрванд барои рафтан ба Умра муроҷиат мекунанд ва аз иҷоза нашудан шикоят мекунанд.
"Сарфи назар аз ин ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони воксиншудаи мо иҷоза медиҳад, аммо мунтазири иҷозаи Ситоди ҷумҳурявӣ ҳастем. Ҳоло корҳои омодагӣ барои фиристодани шаҳрвандон ҷараён дорад, вале мунтазири иҷозаи ниҳоии Ситодем",- гуфт Афшини Муқим, сухангӯйи Кумита.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯйи Кумита ба суоли ин ки, чаро то кунун масъалаи дарёфти иҷозаи Ситоди ҷумҳурявӣ, посух дода натавонист. Худи ин ситод, тавре пештар ҳам гуфта шуд, на сухангӯй дорад ва на намояндае барои робита бо расонаҳо.
Умра, яке дигар аз маросимҳои муқаддас барои мусалмонон аст, ки ҳар сол ба ҷуз замони Ҳаҷҷ (ё ҳаҷҷи фарзӣ) дар дигар моҳҳо сурат мегирад.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи дин, дар Тоҷикистон ба фиристодани шаҳрвандон ба Умра ду ширкат - "Расул" ва "Ормон" сару кор доранд, ки солона наздик ба 3 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрат мераванд.
Аарабистони Саудӣ ба ҳамаи зойирини хориҷие, ки воксин задаанд, иҷозаи Умраро додааст. Аммо воксине, ки зойирин задаанд, бояд дар рӯйхати воксинҳое бошад, ки ҳукумати подшоҳӣ иҷозат додааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Сколько стоит проезд в столицах Центральной Азии?
Генпрокурор РФ заявил о необходимости усилить профилактику правонарушений мигрантов
Байден подписал закон о военной помощи Украине на $61 миллиард
Предприниматели Таджикистана и Италии подписали договора на более $160 миллионов
Таджикистан увеличил экспорт драгметаллов и камней в 1251 раз
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 25 апреля 2024 года
Где в Таджикистане сдать тест на ДНК и во сколько это обойдется?
В Душанбе проходит выставка художниц из «Мастерской Оро»
В Кабуле талибы захватили дом Захира Агбара и Абдулрашида Дустума
В Таджикистане предупредили о риске появления чумы
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста