Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хостанд, ки масъалаи вазъият дар ВМКБ-ро дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба мардуми вилоят кӯмаки амалӣ намояд.

Матни муроҷиатномаро, ки шоми 19 декабр дар шабакаҳои иҷтмоӣ нашр шуд, ҳуқуқшиноси ҷавон Фаромӯз Иргашев дар ҳалқаи чанд сокинони вилоят қироат карда, аз ҷумла, аз куштори Гулбиддин Зиёбеков ва гирдиҳамоии сокинони вилоят дар рӯзҳои 25-28 ноябри соли равон ёдовар мешавад.

Ӯ бори дигар аз сабаби гирдиҳамоии чоррӯзаи сокинони ВМКБ ёдовар шуда, мегӯяд, гирдиҳамоии 25-28 ноябр худҷӯш буд ва дар заминаи ҳаяҷон сурат гирифт.

Иргашев мегӯяд, аз тири мақомоти қудратӣ дар тазоҳуроти ахири Хоруғ 17 нафар захмӣ гаштанд, ки дар натиҷа ду нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Вале фақат дар мавриди ҷавобгарӣ барои латукӯби кормандони мақомоти қудратӣ гуфта шудаву дар барои ҷавобагарӣ барои ду нафар кушташуда ва 15 нафар захмишудаи ҷараёни эътирозҳо сухане нест.

“Халқи таҳаммулпазири ВМКБ тамоми мушкилиҳоро бо сари баланд мегузаронад ва ҳукуматро ҷонибдорӣ менамояд. Ва ба ҳоли имкониятҳои мавҷудаи ҳукумати Тоҷикистон даромадааст. Аз он ҷумла гаронтарин нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва дар умум бозор дар ВМКБ аст, гаронтарин нархи барқ, маводи сӯзишворӣ, баландтарин сатҳи бекорӣ, вайронтарин роҳҳо нисбат ба дигар минтақа дар ин вилоят арзӣ вуҷуд дорад. Аммо рӯирост ва беасос аз тарафи мақомоти қудратӣ парондани мардуми осоишта, бо ҳар ҳуқуқвайронкунии начандон вазнин суд кардани ҷавонон, бадном ва сиёҳ намудани мардуми ВМКБ аз тариқи шабакаҳои давлатӣ ва ВАО, фишороварӣ ба кормандони соҳаи маориф, тандурстӣ, соҳибкорон ва дигар табақаҳои ҷомеа, аз ҳамаи чаҳорчубаи тоқатпазирӣ ва таҳамулпузарӣ баромадааст”,- изҳори нигаронӣ менамояд Иргашев.

Дар идома ӯ мегӯянд, арзишҳое мисли сулҳу субот ва якпорчагии Тоҷикистон дар ВМКБ зери хатар қарор дорад ва ин дар оянда метавонад оромиву сулҳу суботро дар миқёси Тоҷикистон халалдор кунад.

Дар робита ба ин масъала онҳо аз Рустами Эмомалӣ хостаанд, ки вазъият дар ВМКБ-ро дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба мардуми вилоят кӯмаки амалӣ намояд. Маълум нест, ки кӯмаки амалӣ гуфта намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ чиро дар назар доранд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ бо пахши як изҳороти видеоӣ аз иҷро нашудани талаботашон дар мавриди ҳаводиси рӯзҳои 25-28-уми ноябри 2021 изҳори нигаронӣ намуда буданд.

Эътирози чоррӯзаи сокинони Бадахшон дар назди бинои ҳукумати вилоят рӯзи 25 ноябр бо талаби ҷазо додани гунаҳкорони куштори як сокини сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков оғоз гардида, баъди ваъдаи иҷрои талаботи эътирозгарон аз ҷониби ҳукумати вилоят 29 ноябр хотима ёфт. Дар натиҷаи амалиёти мақомот ва эътирозҳо се нафар сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд ва чандин нафар захмӣ шуданд, аз ҷумла панҷ корманди мақомот.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед