Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ дар қиёс бо як соли пеш боз ҳам сусттар шудааст. Дар радабандии нави Speedtest Global Index, ки суръати интернети мобилиро дар 138 кишвари ҷаҳон таҳқиқ кардааст, дида мешавад, ки Тоҷикистон бо суръати 7,57 мегабит дар сония (Mbps), дар мавқеи 134-ум миёни ин кишварҳо ҷой гирифтааст.
Ин нишондод нисбат ба 1 соли гузашта 5 зина поинтар аст. Дар радабандии порсола Тоҷикистон дар ҷойи 129-ум қарор дошт. Дар ҳамин гузориши Speedtest Global Index аз моҳи ноябр, аз рӯи интернети ноқилӣ дар Тоҷикистон вазъ нисбатан беҳтар буда, байни 181 кишвар Тоҷикистон бо суръати 16.63 мегабит дар сония дар ҷойи 123-юм аст.
Узбекистон дар ин радабандӣ дар мавқеи 119 қарор дорад ва суръати интернети мобилӣ дар ин кишвар 13,67 ва интернети ноқилӣ 36.23 мегабит дар сония гуфта шудааст. Афғонистон дар мавқеи охирин қарор дорад.
Тибқи арзёбиҳои ин гузориш дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ суръати интернети Тоҷикистон сусттарин аст. Дар кишвар ҳам шикоят аз суръати пасти интернет зиёд аст.
Чанде пеш бинобар як арзёбии дигар ҳам суръати Интернет дар Тоҷикистон сусттарин дониста шуд. Сомонаи Cable.co.uk бо нашри як гузориш Тоҷикистонро ба даҳгонаи кишварҳое дохил кард, ки суръати Интернет дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон аз назари суръати Интернет дар ҷойи 211-ум қарор дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Легенда таджикского кинематографа. 45 лет назад не стало Бориса Кимягарова
На западе Казахстана задержали похитителей противопаводковых укреплений
Стали известны размеры денежных призов Душанбинского полумарафона
5 видов заболеваний, которые обостряются весной
В России уволили ректора Института русского языка после скандала с тестами для мигрантов
Товарооборот между Таджикистаном и Кыргызстаном упал до неприлично низкого уровня
FORMULA55 и ТВ «Варзиш» заключили спонсорское соглашение
Как, закрывая глаза на насилие в семье, в Центральной Азии множат суицид и убийства женщин
ЕФРС поможет Таджикистану внедрить принципы программного бюджетирования
Таджикистан в первом квартале продал соседям электричество почти на $7,2 миллиона
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста