Бар асари тумани ғализ, ки шаби имрӯз фазои пойтахти Тоҷикистонро фаро гирифт, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе қабули ҳавопаймоҳоро қатъ кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова.

То ин дам фурудгоҳ ҳавопаймоҳои се хатсайр аз Маскав ба Душанберо қабул карда натавониста, онҳо ба фурудгоҳи наздиктарин - шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон фиристода шуданд.

Аз ҷумла инҳо ҳавопаймоҳои ширкати UtAir бо хатсайри UT803 аз Маскав (Внуково) ба Душанбе, ҳавопаймои “Сомон Эйр” - аз фурудгоҳи “Домодедово” ва ҳавопаймои “Уральские  авиалинии” аз фурудгоҳи “Жуковский” мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти лавҳаи онлайнӣ дар сомонаи ФБД, айни замон иҷрои ду парвоз аз Маскав ва яктои дигар аз Нижний Новгороди ширкати flyDubai ба таъхир афтодааст.

Ба гуфтаи Ҳусейнова, пас аз соф шудани обуҳаво фурудгоҳ ба кори муқаррарии худ мепардозад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.