Шаҳрдории Душанбе аз фаъолшудани хатсайри нави автобус дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ин автобуси шумораи 27 буда дар хатсайри Коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ - Терминали ҷанубӣ ҳаракат хоҳад кард.

Қарор аст ин автобус 23-юми май дар хатсайри мазкур ба кашонидани мусофирон бипардозад.

Биноба иттилои Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе автобуси 27 дар ин хатсайр ба василаи кӯчаву хиёбонҳои Истиқлол-2, Машъал, А.Қаҳҳоров, А.Ҷомӣ, Н.Қарабоев, А.Фирдавсӣ, Қосимов, Ҷанубӣ, шоҳроҳи Душанбе-Бохтар то Терминали ҷанубӣ ва баръакс ҳаракат хоҳад кард.

Шаҳрдории Душанбе тамғаи автобусҳои ин масирро  «KING LONG» гуфтааст ва дар хабарнома таъкид шудааст, ки пардохти роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.