Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ба сифати кумаки таъҷилӣ ҳудуди 1 млрд евро медиҳад. Тавре DW хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи сешанбе, 12 октябр раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен пеш аз нишасти G20 оид ба масоили Афғонистон изҳори назар кардааст.

Бастаи кумак 300 млн евро барои ҳадафҳои башардӯстонаро дар бар мегирад, ки ҷудо шудани онҳо қаблан мувофиқа шуда буд.

Равона кардани на камтар аз 250 млн евро аз маблағи умумӣ ба таъмини роҳандозии чорабиниҳо дар бахши тандурустӣ пешбинӣ шудааст.

Маблағҳо барои дастгирии ҳам мардуми афғон ва ҳам сокинони кишварҳои ҳамсоя, ки ба афғонҳо кумак карданд, таъин шудааст.

“Мо бояд ҳамаи кори аз дастамон меомадаро кунем, то ки аз шикасти бузургмиқёси башарӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ пешгирӣ шавад. Инро мо зуд анҷом доданамон лозим аст”, - изҳор доштааст фон дер Ляйен ва илова намудааст, ки мардуми афғон набояд барои амали ҳаракати тундгарои исломии “Толибон” азият кашад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.