Рустам Азимов аз мансаби муовини сарвазири Ӯзбекистон барканор шуд. Дар ин бора «Газета.uz» бо такя ба манбаъҳояш дар ҳукумати ин кишвар хабар медиҳад.

Дар Девони вазирон ӯ ба Бахш оид ба масъалаҳои рушди макроиқтисодӣ, ислоҳоти сохторӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ роҳбарӣ мекард.

Бино ба маълумоти дарёфтии идораи хабаргузорӣ, Рустам Азимов Ширкати миллии суғуртаи содиротӣ-воридотии «Ӯзбекинвест»-ро ба роҳбарӣ гиифтааст.

Гуфта мешавад, Рустам Азимовро дар ин вазифа Ҷамшед Кучкаров иваз кардааст, ки аз соли 2005 ба ҳайси муовини аввали вазири молия фаъолият дошт.

Рустам Азимов (с/т 1958) солҳои тӯлонӣ ба ҳайси муовини аввали сарвазир - вазири молияи Ӯзбекистон кор кардааст. Моҳи декабри соли гузашта ӯ аз мансаби вазири молия барканор шуда, муовини сварвазир таъин шуд.

Ҷамшед Кучкаров (с/т 1964) то кор дар вазифаи муовини вазири молия дар мансабҳои муовини раиси Бонки марказӣ (солҳои 1996-1997) ва муовини вазири молия - сардори Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ӯзбекистон (солҳои 1997-2005) ифои вазифа намудааст.