Дар рейтинги Passport Index кишварҳо аз лиҳози шумори дигар кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд бидуни раводид ба онҳо сафар кунанд, арзёбӣ мешаванд.

Бино ба иттилои "Открытая Азия онлайн", миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми 56-уми Қазоқистон аз ҳама болотар буда, сафар ба қазоқистониҳо бидуни раводид ба 71 кишвар боз аст.

Қирғизистон бо 58 кишвар равуои бидуни раводид дошта, дар зинаи 68-ум қарор гирифтааст. Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 54 кишвар ҳаққи вуруди озодона дошта, мақоми 71-умро ишғол мекунанд. Мақоми Туркманистон бо сафари бидуни раводид бо 48 кишвар зинаи 77-ум муқаррар шудааст.

Маълумот дар бораи зимни сафар ба кадом кишварҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳои он талаб нашудани раводид бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Мақоми аввал дар ин рейтингро Олмон ва Сингапур ишғол кардаанд, ки ба 158 кишвари дунё озодона ҳаққи сафар доранд. Дар зинаҳои минбаъдаи феҳрист Шветсия ва Кореяи Ҷанубӣ (бидуни раводид бо 157 кишвар), Дания, Финландия, Фаронса, Италия, Испания, Норвегия, Япония, Британияи Кабир ва ИМА (156 кишвар) ҷой гирифтаанд.

Афғонистони ҳамсоякишвар дар зинаи охири рейтинг ҷойгир шуда, ҳамагӣ бо 22 кишвари ҷаҳон равуои бидуни раводид ҷорӣ кардааст.