Телевизиони давлатии Ӯзбекистон 30 июл дар як барномаи худ аз сиёсатҳои президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов бори нахуст интиқод кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар барномаи "Таҳлилнома"-и телевизиони Ӯзбекистон гуфта шуд, ки Каримов "бо кишварҳои ҳамсоя мусобиқаи "кӣ зӯртар"-ро ба роҳ монда, аз мантиқи "ту зӯр ҳастӣ ё ман" истифода мекард.

"Гиреҳи ин муаммоҳо бо ҳамсояҳоро имрӯз президент Шавкат Мирзиёев боз мекунад",- қайд шуд дар барнома.

Дар барнома тамоми бахшҳо, аз иқтисод то масъалаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва кишоварзию маънавӣ баррасӣ гашта, аз иштибоҳҳое, ки дар давраи Каримов роҳ дода шуданд, интиқод шуд.

"Дар аввалин лаҳзаҳои сари қудрат омадани худ ба ҷои мусобиқа бо ҳамсояҳо робитаҳои самимиро ба роҳ монд, ки ба муносибатҳои боэътимоди кишварҳои Осиёи Миёна бо Ӯзбекистон сабаб гашт. Аз даъвоҳое чун "ту зӯр ҳастӣ ё ман" сарфи назар кард ва ба раванди ҳалли мушкилиҳое, ки солҳо инҷониб бартараф намешуданд, аз ҷумла масоили марзӣ, беҳбуд бахшид", - гуфт шореҳ.

Ин бори нахуст аст, ки аз сиёсатҳои Ислом Каримов дар Ӯзбекистон интиқод мешавад. То кунун на дар давраи ҳукмронии Каримов ва на пас аз маргаш боре дар Ӯзбекистон сиёсатҳои ӯро танқид накарда буданд.