Мақомоти минтақаи шимоли Туркманистон дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли камбуди орд ҳастанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомот мехоҳанд, аз роҳи мусодира кардани "орди барзиёд"-и аҳолӣ ин мушкилро ҳал кунанд.

"Мақомот мехоҳанд манзилҳои сокинонро тафтиш карда, орди барзиёд пайдо ва онро мусодира кунанд", - гуфтааст як сокини вилояти Дашоғузи Туркманистон.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир як комисияи махсус сокинонро аз эҳтимоли мусодира шудани орд огоҳ мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар ин кишвар сар аз моҳи декабри соли 2017 норасоии орд мушоҳида мешавад. Дар баробари камбуди ин навъи маҳсулоти ғизоӣ, қимати он низ боло меравад. Охири ҳафтаи гузашта як кило орди қазоқӣ аз 2 ба 4 манат гарон шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.