Комил Алламҷонов аз мақоми муовини раиси маъмурияти президент – котиби матбуотии президенти Ӯзбекистон барканор шуд. Дар ин бора сомонаи Gazeta.uz бо истинод ба як манбаъ дар маъмурияти президент иттилоъ додааст. Сабаби барканории ӯ гуфта намешавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Комил Алламҷонов бо дастури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 августи соли равон, дар пайи тағйири дастгоҳи президент ба маъмурияти президент ба ин мақом таъйин шуда буд.

Алламҷонов сухангӯи президент ва муовини раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Ӯзбекистон моҳи декабри соли гузашта таъйин гашт.

Сухангӯи ҳамакнун пешини Мирзиёев 34 сол дошта, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон (2006) ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Тошканд (2010) аст.

Ӯ солҳои 2005-2009 иҷрокунандаи раҳбари хадамоти иттилоотии Кумитаи андоз, солҳои 2009-2013 раҳбари хадамоти иттилоотӣ – сухангӯи раиси ин кумита буда, муассиси нашрияи "Солик инфо" низ ҳаст.