Додгоҳи Шветсия баррасии парвандаи "сармоягузорони Давлати исломӣ"-ро аз Осиёи Марказӣ оғоз кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, шаш шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Қирғизистон, ки дар Шветсия зиндагӣ мекунанд, бо ҷурми дастгирии молии гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ИД) ба додгоҳи Стокҳолм эҳзор шуданд.

Гуфта мешавад, се зодаи Осиёи Марказӣ ҳамчунин ба омодагӣ барои ҳамлаи террористӣ дар ҳудуди Шветсия айбдор мешаванд.

Мурофиаи нахустин 7 январ баргузор шуда, дар курсии айбдорӣ шаҳрвандони Ӯзбекистон Акрамҷон Эргашев, Бахтиёр Умаров, Ғулом Тоҷиев, Шоаҳмад Маҳмудов, Довуд Идриссон ва шаҳрванди Қирғизистон Отабек Абдуллоев нишастаанд.

“Се гумонбар -- Абдуллоев, Идриссон ва Умаров миқдори зиёди маводи кимиёӣ ва дастгоҳҳои дигарро дарёфт ва нигаҳ дошта, мехостанд, одамонро бикушанд ва захмӣ кунанд. Агар ҳамла анҷом мешуд, ба Шветсия осеби бузурге мерасонд", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Ҳамаи гумонбарон аз 24 то 46 сол дошта, дар Шветсия ғайриқонунӣ зиндагӣ мекардаанд. Гумонбарон айбҳои зидди худро рад мекунанд.

Ёдрас мешавад, ки шаби 7 апрели соли 2017 шаҳрванди Ӯзбекистон Раҳмат Оқилов бо мошини боркаши дуздие анбуҳи одамонро дар маркази Стокҳолм пахш кард. Дар натиҷа чаҳор кас ҷон бохта, 15 тан захмӣ шуданд. Оқилов гуфт, ин корро бо фармони ДИ анҷом дод. Додгоҳи Шветсия моҳи июни соли 2018 ӯро якумр аз озодӣ маҳрум кард.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.