Дилшод Назаров, варзишгари номовари тоҷик дар даври ниҳоии гурзандозии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Лондон бо натиҷаи 77.22 метр зинаи 7-умро ишғол намуд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», дар даври ниҳоии гурзандозӣ 12 варзишгар ҳузур доштанд ва ҷойи аввал бо натиҷаи 79.81 метр насби Павел Фаҷдек аз Лаҳистон шуд. Бар иловаи нишони тилло ӯ соҳиби 60 000 доллар гардид. Валерий Пронкин (варзишгари бетараф) гурзро ба масофаи 78.16 метр ҳаво дода, медали нуқра ва 30 000 доллар гирифт. Войтсех Новитски аз Лаҳистон (78.03) медали биринҷӣ ва 20 000 доллар доданд.

Ҳамин тариқ Бигот Қуентин аз Фаронса (77.67 м) 15 000 доллар, Алексей Сокирский (варзишгари бетараф, 77.50 м) 10 000, Ник Миллер аз Британияи Кабир (77.31 м) 6000 доллар, Дилшод Назаров (77.22 м) 5000 доллар ва Сергей Марчиев аз Молдова (75.87 м) 4000 доллар гирифтанд.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон Кристина Пронженко ҳам иштирок дошт. Ӯ дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеа ширкат намуда, миёни 39 варзишгар бо натиҷаи 1:03.44 дар мақоми охир нишаст.