Дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар вохӯрии финалии Parimatch Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро шикаст дода, соҳиби ин ҷоиза шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, пеш аз оғози бозӣ футболбозони ҳар ду даста ба табибон барои меҳнати содиқонаашон дар мубориза бо пандемияи коронавирус изҳори миннатдорӣ карданд.


Бозии финалӣ байни дастаҳо бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи  тими “Равшан” анҷом ёфта, тӯби нахустинро дар дақиқаи 67-ум аз зарбаи 11-метра ҳимоягари “Равшан” Далер Шомуродов ба ҳадаф расонид.

Фонди мукофотпулии вохӯрии финалӣ 35 ҳазор сомониро ташкил дод. Ба ғолиби бозӣ ба ҷуз ҷом, ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид. Ба дастаи мағлубшуда дар бозии финалӣ медалҳои нуқра ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супурда шуд. Ғайр аз ин, ба бозингари беҳтарини вохӯрии финалӣ - нимҳимоятгари “Равшан” Абдураҳмон Нозимов 3 ҳазор сомонӣ мукофототпулӣ дода шуд.


Мавриди зикр аст, ки бори нахуст дар таърихи мусобиқаи Ҷоми миллии футболи ҷумҳурӣ дастаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст овард.

Барои “Равшан” ин пирӯзии дуюм дар ин мусобиқа аст. Қаблан 26 сол пеш - соли 1994 “Равшан” ба дарёфти Ҷоми футболи кишвар даст ёфта буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.