Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, ҳамагӣ 18 намояндаи Тоҷикистон ширкат варзида, 7 нафар қувваозмоиҳоро бохтанд ва аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум шуданд. 9 нафар муштзани тоҷик ба давраи нимфиналӣ ва 2 нафар ба даври финалӣ роҳ ёфтанд.

Имрӯз 27 январ дар даври нимфиналӣ қувваозмоиҳои зерин баргузор мешаванд:

51 кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода – Ҷаъфар Ҳошим Мӯсо (Ироқ);

57 кг – Хусравхон Раҳимов – Дилшод Абдумуродов (Ӯзбекистон);

67 кг – Расул Аҳадов – Ҷавлонбек Юлдошев (Ӯзбекистон);

48 кг – Сумайя Қосимова – Хикару Като (Ҷопон);

52кг – Ҳусния Холова – Фирӯза Казакова (Ӯзбекистон);

63 кг – Малика Нозимова – Мунмарсурен Тсегсегдари (Муғулистон);

75 кг – Абдумалик Болтаев – Ризо Толиб Ҷаббор (Ироқ);

80 кг – Некрӯз Салимов – Омурбек Бекжигит уулу (Қирғизистон);

86 кг – Шаҳбоз Ҳаитов – Бакит Токтосун уулу (Қирғизистон).

Сурат: olympic.tj

Финал, 29-уми январ

-92 кг – Давлат Болтаев – Рустам Урусбек уулу (Қирғизистон);

+92 кг – Муҳаммад Аброриддинов – Ҷаҳонгир Зокиров (Ӯзбекистон).

Сурат: olympic.tj

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.