Варзишгари маъруфи кишвар, иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Шаббос Негматуллоев дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс – Ҷоми Элорда дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон медали биринҷӣ гирифт.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Шаббос Негматуллоев дар вазни -80кг дар муҳорибаи аввалаш намояндаи кишвари мизбон Баиржан Баигоншеков, дар чорякфинал варзишгари Куба Салгадо Брайан Леонро мағлуб карда, вале дар нимфинал аз Танглатиан Аербекеи чинӣ шикаст хурда, ҷои сеюмро ишғол кард.

Шаббос Негматуллоев
Сурат: КМО ҶТ

Гуфта мешавад, намояндаи дигари Тоҷикистон Хусравхон Раҳимов дар вазни 57кг дар даври аввал аз варзишгари узбекистонӣ Дилшод Абдумуродов шикаст хӯрд.

Зикр мегардад, ки мусобиқа  бо иштироки 400 нафар варзишгарон аз 10 давлат 28-уми июн шуруъ гардида, имрӯз – 5 июл ба анҷом мерасад.

Қобили зикр аст, ки ғолибони мусобиқа ба иштирок дар Чемпионати Осиё, ки баргузориаш охири моҳи октябр - аввали моҳи ноябр дар назар аст, роҳхат мегиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.