Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии финалии мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми Медека-2023” дар Куала-Лумпур дастаи Малайзияро мағлуб кард.

Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Тӯбҳоро аз тими Тоҷикистон футболбозон Рустам Соиров (дақиқаи 44-ум) ва Шаҳром Самиев (дақиқаи (88-ум) ба нишон расониданд.

Ба ин тариқ, мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи 42-юми “Ҷоми Мердека” пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳайати тими Тоҷикитсон дар ин бозӣ чунин буд: Далерҷон Баротов, Зоир Ҷӯрабоев, Холмурод Назаров, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ханонов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Муродалӣ Акназаров, 90+3), Руслан Хайлоев (Вайсиддин Сафаров, 69), Алишер Шукуров (Нуриддин Ҳамрокулов, 46), Парвизҷон Умарбоев, Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 81).

Сурат: ФФТ

Ҷоми Мердека мусобиқаи байнулмилаии футболи иборат аз бозиҳои дӯстона дар Малайзия мебошад, ки ба муносибати Рӯзи истиқлолияти ин кишвар гузаронида мешавад.

Номи мусобиқа дар забони малайи “истиқлолият” маъно дорад. Вохӯриҳои мусобиқа бозҳои байнулмилалии дӯстона дар категорияи “А”-и ФИФА ҳисобида мешавад. Мусобиқа аз соли 1957 доир мегардад.

Дар давоми баргузории “Ҷоми Мердека” 20 мунтахабҳои кишварҳо ва аз ҳама бештар Майлайзия ва Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.