Бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хишти аввали сохтмони навбати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ (ИБГ) бо иқтидори 300 мегават аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.

Зимни суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти муҳимро ба ҳозирин муборакбод гуфта, пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 - ро бо иқтидори умумии 400 мегаватт иқдоми назаррас барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва гармӣ арзёбӣ кард. Баробари бунёди марказ беш аз 700 нафар сокинони маҳаллӣ, бахусус ҷавонони ихтисосманд бо кори доимӣ таъмин шуданд.

1/14