Мусофироне, ки бояд шоми 3 октябр ба пойтахти Русия парвоз мекарданд, муддати 17 соат парвозро интизор шуданд.

«Сабаби ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймои бузургтарин дар Тоҷикистон - Boeing 767 –300, ки парвозҳо бо хатсайри Душанбе - Маскав - Душанберо анҷом медиҳад ва бояд шоми дирӯз ба пойтахти Русия парвоз мекард, нуқси техникӣ аст: рӯда (шланг)-и низоми гидравликӣ даридааст», - хабар дод ба «Азия-Плюс» Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр».

Ба гуфтаи ӯ, рӯдаи дарида аллакай ба наваш иваз шуда, мутахассисон бори дигар ҳавопайморо аз назар гузарониданд ва айни замон он барои парвоз ба Маскав омода мешавад.

«Мусофирони ин хатсайр бо хӯроки гарму об таъмин гардида, ба 124 нафар дар меҳмонхонаи «Душанбе» ҷой дода шуд», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки мусофироне, ки бояд аз Маскав ба Душанбе бо ҳавопаймои Boeing 767 –300 парвоз мекарданд, дар меҳмонхонаи Маскав ҷойгир карда шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.